Намозгузори дучархасавори мисрӣ аз ғаму ғусса ҷон дод!
Август 18, 2019 06:34 Asia/Dushanbe
Интишори тасовири як шаҳрванди мисрӣ, ки савор бар дучарха дар ҳоли адои намози иди Қурбон буд дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷе аз тамасхурро ба роҳ андохт, ки дар паи он шаҳрванди мисрӣ аз ғаму ғусса сакта кард ва ҷони худро аз даст дод.
Ба нақл аз Алъолам, бисёре аз корбарони мисрӣ пас аз интишори тасовири ин мард, ки руи дучарха намози иди Қурбонро ба ҷо меовард вайро масхара карда буданд.
Кумитаи фатво дар Ал-Заҳро таъкид кард, ҳамаи касоне, ки дар интишори тасовири ин мард ва бар сари забон афтодани номи ӯ ва хонаводааш нақш доштанд дар масъулияти маргаш саҳм доранд.