Август 18, 2019 11:13 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори куштаҳои таркиши террористии Кобул

Шумори куштаҳои таркиши террористии шанбешаб дар Кобул (пойтахти Афғонистон) ба 63 нафар афзоиш ёфт.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Вазорати кишвари Афғонистон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, дар ин таркиши бомб, ки дар як маросими арусӣ дар ҳавзаи Шашуми Кобул рух дод 182 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Пештар полиси Кобул шумори куштаҳои ин таркиши террористиро 20 нафар ва захмиҳоро 45 нафар эълом карда буд.

Субҳи имрӯз Забиҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи гуруҳи Толибон ҳаргуна дахолат дар ин таркиши террористиро рад кард.

Ҳануз ҳеҷ шахс ё гуруҳе масъулияти ин таркиши террористиро бар уҳда нагирифтааст.

Барчасп