Ҳушдори Русия дар бораи истиқрори низомиёни Амрико дар Полша
Як намояндаи парлумони Русия дар бораи истиқрори низомиёни Амрико дар Полша ҳушдор дод.
Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Франтс Клинтсевич узви Кумитаи дифоии Шурои федератсияи (САНО) Русия шанбешаб дар гуфтугӯ бо хабаргузории Спутник гуфт, дар сурати ҳаргуна иқдоми эҳтимолии Полша ва Амрико дар ин замина Маскав ҳаққи иқдоми мутақобилро барои худ маҳфуз медонад.
Ин қонунгузори рус афзуд, иҷрои пешниҳоди вазири умури хориҷаи Полша ба вижа бо тааваҷҷуҳ ба хуруҷи ахири Амрико аз паймони нерӯҳои ҳастаии миён бурд (I.N.F) боиси афзоиши таниши низомӣ дар Аврупо хоҳад шуд.
Вазири умури хориҷаи Полша ба тозагӣ гуфтааст истиқрори низомиёни Амрико дар Полша фоидаҳои бештаре дар боздорандагӣ ва муқобила бо Русия хоҳад дошт то эъзоми нерӯ ба ғарби Аврупо.
Гуфта мешавад Кохи Сафед дар назар дорад шумори нерӯҳои низомии Амрикоро дар Полша ба 2000 нафар афзоиш ёбад.
Ричард Гренел сафири Амрико дар Олмон гуфтааст, Амрико дар наазар дорад бархе нерӯҳои худро, ки дар Олмон мустақар аст ба Полша интиқол диҳад. Гренел далели ин корро мутааҳид набудани Берлин ба тааҳудоти худ дар заминаи пардохти ҳазинаҳои дифоӣ ба Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) унвон кардааст.
Мақомҳои Русия ҳамвора дар бораи тақвияти ҳузури низомии Амрико дар Аврупо ба вижа шарқи он ҳушдор додаанд.