Август 19, 2019 16:50 Asia/Dushanbe
  • Бетаъсир будани музокироти Толибон ва Амрико дар таваққуфи ҷанг дар Афғонистон

Кумитаи байналмилалии “Салиби Сурх” дар Афғонистон эълом кард, музокироти сулҳ байни намояндагони Толибон ва Амрико таъсире бар таваққуфи ҷанг ва коҳиши куштори ғайринизомиёни афғон надоштааст.

Ба гузориши ИРНА, Кумитаи байналмилалии “Салиби Сурх” дар Афғонистон имрӯз дар баёнияе эълом кард, бо вуҷуди идомаи музокироти сулҳ миёни Толибон ва Амрико дар Қатар, бомбаборони ҳавоӣ, ҳамалоти шабонаи низомиёни амрикоӣ ва ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳамчунон идома дорад.

Кумитаи байналмилалии “Салиби Сурх” дар Афғонистон бо ишора ба афзоиши ҳамалот ба марокизи беҳдоштӣ ва кормандони онҳо дар шаш моҳи аввали имсол, аз тарафҳои даргири ҷанги Афғонистон хост, барои ҳифозат аз ғайринизомиён ва марокизи беҳдоштӣ ва омӯзишӣ бештар талош кунанд.

Ҳаштумин даври музокироти сулҳи Амрико ва Толибон якшанбе дар Доҳа- пойтахти Қатар поён ёфт.

Аз натоиҷи ин нишаст ҳамчун нишастҳои гузашта гузорише мунташир нашудааст.

 

Барчасп