Август 19, 2019 17:30 Asia/Dushanbe
  • Пиряхи табиии 700 солаи Исландия об шуд

Пиряхи табиии 700 солаи Исландия бар асари падидаи гарм шудани замин комилан маҳв ва нопадид шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, пирях ё яхчоли табиии “Окйокул”, ки дар ғарби Исландия воқеъ шудааст, бар асари гармии ҳаво об ва нопадид шуд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй додааст, ки ҷаҳон имсол яке аз гармтарин тобистонҳои худро таҷриба мекунад.

Садҳо тан аз муҳаққиқони маҳаллӣ ва алоқамандону тарафдорони муҳити зист аз донишгоҳи “Райс”-и Амрико рӯзи гузашта бо насби як овезаи биринҷӣ рӯйи шахи хушк дар пиряхи табиии “Окйокул” ҳушдор доданд, ки 400 пиряхи табиии мушобеҳ дар манотиқи зерқутби шимол дар интизори чунин сарнавиште аст.

Рӯйи ин ҳушдор навишта шудааст: “Дар 200 соли оянда ҳамин сарнавишт дар интизори тамоми пиряхҳои табиии мо хоҳад буд”.

Нахуствазири Исландия, ки дар маҳалли ин яхчоли табиии обшуда ҳузур ёфта буд гуфт: “Умедворам ин маросим на танҳо барои мо дар ин ҷо - дар Исландия, балки барои дигар нуқоти ҷаҳон илҳомбахш бошад, зеро он чиро, ки дар ин ҷо мебинем, фақат гӯшае аз буҳрони гарм шудани обу ҳаво аст”.