Захмӣ шудани 66 нафар бар асари инфиҷорҳо дар вилояти Нангарҳори Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46033-Захмӣ_шудани_66_нафар_бар_асари_инфиҷорҳо_дар_вилояти_Нангарҳори_Афғонистон
Бар асари инфиҷори 11 бомба ва мина дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон, 66 нафар захмӣ шуданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 19, 2019 18:51 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани 66 нафар бар асари инфиҷорҳо дар вилояти Нангарҳори Афғонистон

Бар асари инфиҷори 11 бомба ва мина дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон, 66 нафар захмӣ шуданд.

Мақомоти фармондеҳии полиси вилояти Нангарҳор эълом карданд, ин инфиҷорҳо имрӯз, душанбе дар шаҳрҳои Ҷалолобод ва Хугёнии ин вилоят ба вуқуъ пайваст.

Бист нафар аз захмиҳои инфиҷорҳои вилояти Нангарҳор кӯдак ҳастанд ва вазъияти ҷисмии панҷ нафар аз маҷруҳон вахим гузориш шудааст.

Инфиҷори дигаре низ дар маркази вилояти Лағмон рӯй дод ва шаш нафар захмӣ шуданд.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда нагирифтааст.