Август 19, 2019 19:10 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ройзаниҳои Зариф дар Финляндия

Вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи ройзаниҳои худ дар Финляндия, бо вазири умури хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои гуфтугӯ ва ройзанӣ бо мақомоти аврупоӣ ба Финляндия сафар кардааст, рӯзи душанбе бо Пекка Ҳависто, вазири умури хориҷаи ин кишвар дар Ҳелсинки дидор ва дар бораи равобити дуҷониба ва охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар кард. Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Финляндия илова бар гуфтугӯ дар хусуси мавзӯи киштии нафткаши “Грейс -1” ва баррасии охирин таҳаввулоти БарҶом, ба вижа зарурати суръат бахшидан дар роҳандозӣ ва амалӣ шудани комили “Инстекс”, дар бораи амнияти минтақаи халиҷи Форс ва ибтикороти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои гуфтугӯҳои минтақаӣ табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Эрон дорои бештарин марз дар халиҷи Форс аст, бар омодагӣ ва зарфияти болои Эрон барои таъмини амнияти ин минтақа таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Финляндия низ гуфт, бо вуҷуди фишорҳои Амрико бар ширкатҳои аврупоӣ, Финляндия ва Иттиҳоди Аврупо аз эҷоди созукори молии “Инстекс” ҳимоят мекунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон қарор аст пас аз дидор бо вазири тавсеаи ҳамкорӣ ва тиҷорати хориҷии Финляндия, озими кишварҳои Шветсия ва Норвегия шавад.