Август 20, 2019 18:32 Asia/Dushanbe
  • Русия хостори иқдоми қотеонаи Афғонистон ва нерӯҳои хориҷӣ алайҳи ДИИШ шуд

Дар ҳоле ки бархе мақомоти афғон ва нерӯҳои хориҷӣ ба ҳимоят аз ДИИШ муттаҳам ҳастанд ва Маскав низ борҳо нигаронияшро аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон иброз дошта, Русия бори дигар аз нерӯҳои хориҷӣ ва Кобул хост, то барои мубориза бо ДИИШ гомҳои ҷиддӣ бардоранд.

Вазорати умури хориҷии Русия аз мақомоти Кобул ва эътилофи низомӣ ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон хост, то талошҳо барои муқобила бо ДИИШ-ро афзоиш диҳанд. Сухангӯи Вазорати хориҷии Русия бо ишора ба ҳамлаи маргбори ДИИШ ба маросими арӯсӣ дар Кобул гуфт: “Мо аз мақомоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва эътилофи байналмилалӣ мехоҳем, то барои тазмини амният дар Афғонистон гомҳои қотеона бардоранд ва талошҳо барои аз байн бурдани пойгоҳҳои ДИИШ дар хоки ин кишварро низ афзоиш диҳанд”.

Ба гузориши ТАСС, Вазорати хориҷаи Русия дар идомаи ҳамлаи террористии ахир ба як маросими арӯсӣ дар Кобулро низ маҳкум кард. Ин ҳамлаи интиҳорӣ, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти онро ба уҳда гирифт, мунҷар ба кушта шудани 63 тан ва захмӣ шудани ҳудуди 200 тани дигар шуд.

Гуфтанист, ки Маскав пеш аз ин низ борҳо бо ишора ба интиқоли аъзои ДИИШ тавассути болгардҳои ношинос Амрикоро ба ҳимоят аз ДИИШ муттаҳам карда буд. Ба гуфтаи мақомоти рус, бо таваҷҷуҳ ба контроли ҳарими ҳавоии Афғонистон тавассути нерӯҳои хориҷӣ интиқол ва ҳимояти тадорукотӣ аз ДИИШ тавассути болгардҳо бидуни ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО ғайримумкин аст. Низомиёни амрикоӣ ҳамчунин чандин бор барои наҷоти аъзои ДИИШ ба зиндони Толибон ҳамла карда ва борҳо низ дар ҳимоят аз ДИИШ мавозеи Толибонро бомбаборон ва афроди саршиноси ДИИШ-ро бо болгард ба пойгоҳҳои низомии худ мунтақил кардаанд.

 

Барчасп