Эътирофи Албашир ба дарёфти ришваи 90-миллиондолларӣ аз Саудӣ
Раисҷумҳури барканоршудаи Судон дар аввалин ҷаласаи муҳокимаи худ ба дарёфти 90 миллион доллар аз Арабистони Саудӣ, аз ҷумла аз шахси валиаҳди ин кишвар эътироф кард.
Ба гузориши “Алқудс алъарбӣ”, бозпурси таҳқиқот дар бораи иттиҳомоти Умар Албашир, раисҷумҳури барканоршудаи Судон марбут ба фасод ва касби моли ғайримашрӯъ фош кард, ки Албашир манбаи бахши аъзаме аз пулҳои аз манзилаш кашфшударо эълом ва эътироф кард, ки 90 миллион доллар аз Арабистони Саудӣ ва як миллион доллар аз Аморот дарёфт кардааст. Албшир ин эътирофотро дар ҷараёни аввалин ҷаласаи додгоҳи худ дар рӯз гузашта эълом кард, ки таҳти тадобири амниятии шадид дар Хартум, пойтахти Судон баргузор шуд.
Дар ин ҷаласаи аланӣ бозпурс генерал Аҳмад Алӣ, феҳрасте аз иттиҳомоти Албаширро, ки шомили гуфтаҳои вай дар бораи пулҳои дарёфтӣ буд, қироат кард. Ба гуфтаи ин бозпурс, Албшир эътироф кардааст, ки 25 миллион доллар аз Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ва 65 миллион доллар аз Абдуллоҳ ибни Абдулазиз, подшоҳи Саудӣ дарёфт кардааст. Раисҷумҳури зиндонии Судон ҳамчунин ба дарёфти як миллион доллар ришва аз Халифа ибни Зоид оли Наҳён, раиси давлати Аморот эътироф кардааст. Аммо бозпурси таҳқиқот замони дақиқи дарёфти ин пулҳоро мушаххас накард, вале хотирнишон кард, пулҳое, ки дар манзили раисҷумҳури махлуъ кашф кардаанд, боқимондаи маблағи дарёфтии вай аз Муҳаммад ибни Салмон будааст.