Таъкиди Покистон бар матраҳ кардани масъалаи Кашмир дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ
Вазири умури хориҷаи Покистон бар матраҳ кардани масъалаи Кашмир дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ таъкид кард.
Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ эълом кард, Исломобод тасмим гирифтааст, масъалаи Кашмирро дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ матраҳ кунад.
Вазири умури хориҷаи Покистон зимни таъкид бар ин, ки аксарияти ҷамъияти минтақаи Кашмири таҳти назорати Ҳиндустонро мусалмонон ташкил медиҳанд афзуд, ки матраҳ кардани масъалаи Кашмир дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ пас аз баррасии ҳамаи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ гирифта шуд.
Девони байналмилалии додгустарӣ маъруф ба додгоҳи Ҷаҳонӣ, рукни қазоии аслии СММ аст, ки Ситоди он дар шаҳри Лоҳаи Голландия воқеъ шудааст. Ин девон ба ихтилофоти қонунии байни кишварҳо расидагӣ мекунад.