Пекин Амрикоро ба таҳрим таҳдид кард
(last modified Wed, 21 Aug 2019 12:26:14 GMT )
Август 21, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Пекин Амрикоро ба таҳрим таҳдид кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин аз тасмими Пекин ба таҳрими ширкатҳои амрикоии фурӯшандаи силоҳ ба Тайван хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ганг Шуанг имрӯз, чаҳоршанбе дар вокуниш ба мувофиқати Вашингтон барои фурӯши ҷангандаи “F -16” ба Тайван бо вуҷуди мухолифатҳои Пекин гуфт, Чин қасд дорад ширкатҳои амрикоиро, ки ба Тайван силоҳ арза мекунанд, дар феҳристи таҳримҳои худ қарор диҳад.

Давлати Амрико дирӯз бо дархости ҷазираи Тайван, мабнӣ бар хариди 66 адад ҷангандаи “F -16” мувофиқат кардааст.

Пекин пеш аз ин низ ба Амрико ҳушдор дода буд, агар ба Тайван ҷанганда бифурӯшад, бо иқдоми муқобилаҷӯёнаи Чин мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Пештар Вазорати дифои Чин дар баёнияе эълом карда буд, ки Пекин фурӯши таслиҳот ба Тайван аз сӯи ҳеҷ кишваре, аз ҷумла Амрикоро барнаметобад ва онро хилофи асли “Чини воҳид” медонад.

Давлати Чин борҳо эълом кардааст, ки истиқлоли ҷазираи Тайванро таҳаммул нахоҳад кард ва Тайванро ҷузъи ҷудонашудании хоки худ медонад.