Таъкиди Трамп бар идомаи ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон
Раисҷумҳури Амрико сешанбешаб гуфт, Вашингтон шумори низомиёни худ дар Афғонистонро коҳиш хоҳад дод, аммо ҳаргиз нерӯҳояшро ба таври комил аз ин кишвар хориҷ нахоҳад кард.
Ба гузориши ИРНА, Доналд Трамп гуфт, Амрико ба ҳузури низомӣ дар Афғонистон ниёзманд аст.
Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки пеш аз ин Трамп гуфта буд, нерӯҳои амрикоиро ба тадриҷ ва дар чанд марҳала аз Афғонистон хориҷ хоҳад кард.
Аз сӯи дигар, мавзӯи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон яке аз муҳимтарин мавзӯоти музокироти сулҳи Амрико ва Толибон аст.
Ҳамакнун наздик ба чаҳордаҳ ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд.
Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон, ба ин кишвар юриш бурданд, аммо аз он замон то кунун ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиши чашмгире доштааст.
Мақомот ва мардуми Афғонистон борҳо аз идомаи ҳузури низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико дар он кишвар интиқод карда ва хуруҷи амрикоиҳоро аз Афғонистон хостор ҳастанд.