Пхенян алоқае ба музокира бо Амрико надорад
Вазорати умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод агар Вашингтон ба сиёсати хасмонаи худ алайҳи ин кишвар идома диҳад Пхенян ба музокира бо Вашингтон поён медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамзамон бо сафари Стефан Бейкен фиристодаи вижаи Амрико ба ду кишвари Жопон ва Кореяи Ҷанубӣ, Вазорати умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ имрӯз дар баёнияе эълом кард, ин кишвар алоқае ба музокира бо Амрико надорад магар онки Вашингтон сиёсатҳои зӯргӯёнаи худро мутаваққиф кунад.
Музокирот миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ бар сари масоили ҳастаии нимаҷазираи Корея аз замони баргузории даври дуввум дар Ханой пойтахти Ветнам дар моҳи феврал мутаваққиф шудааст. Вазорати хориҷаи Кореяи Шимолӣ ҳамчунин бо интиқод аз озмоиши ахири мушаки крузи миёнбурди Амрико ва барномаҳои ин кишвар барои истиқрори ҷетҳои ҷангандаи F-35 дар минтақа ин таҳаррукотро хатарнок хонд.