Август 22, 2019 17:52 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Покистон аз ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мусалмонони Кашмир

Давлати Покистон аз мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳимоят аз мусалмонони Кашмир қадрдонӣ кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Исломобод гуфт, кишвараш аз мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба вижа ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар хусуси мардуми Кашмир қадрдонӣ мекунад.

Муҳаммад Файсал ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ аз иқдоми Амрико дар хусуси таҳрими Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, Исломобод мухолифи таҳримҳои якҷонибаи Вашингтон аст ва бар зарурати идомаи дипломатия барои ҳалли масоил таъкид дорад.

Вазорати хазонадории Амрико чанде пеш дар иқдоми душманона зидди миллати Эрон, вазири умури хориҷаи Эронро дар феҳристи афроди таҳримшудаи худ қарор дод.

Ин иқдоми Вашингтон бо интиқоди густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст. Илова бар теъдоди зиёде аз намояндагони Конгресси Амрико, Иттиҳоди Аврупо низ аз ин иқдоми Вашингтон ибрози таассуф кард.

 

Барчасп