Август 23, 2019 18:35 Asia/Dushanbe
  • Эъломи иллати суқути Миг-29 артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон иллати суқути ҷангандаи Миг-29 ин кишварро бархӯрд бо парандагон эълом кард.

Ба нақл аз ИРНА, дар баёнияи Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон омадааст: Мутахассисони  Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон бо баррасии ҷаъбаи сиёҳи Миг-29, ки дуввуми мурдоди имсол суқут карда буд ва бо баррасии асноди фаннии дигар, ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳавопаймо дар замони парвоз ва тамрин ҳеҷ мушкили фаннӣ надоштааст. Аммо дар замони парвоз ҳавопаймо бо паранда ва ё дастаи парандагон бархӯрд кард ва дучори сониҳа шуд.

Ин баёния меафзояд: Халабон барои ҷилавгирӣ аз суқути ҳавопаймо талош карда буд, аммо натавонист ва дар натиҷа ҳавопаймо ба дарё суқут кард.