Август 23, 2019 19:46 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Покистон: Дар сурати шурӯи ҷанг Исломобод посух хоҳад дод

Раисҷумҳури Покистон таъкид кард: Исломобод хоҳони ҷанг бо Деҳлии Нав нест ва борҳо ҳусни нияти худро собит кардааст.

Ориф Алавӣ гуфт: Ҳинд бидонад, ки дар сурати шурӯи ҷанг Покистон посух хоҳад дод.

Вай афзуд: Пайомадҳои ҷанг дар минтақа бар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ хоҳад дошт ва аз ин рӯ, ҷмеаи ҷаҳонӣ набояд аз авзои бӯҳронии Кашмир ғофил шавад.

Раисҷумҳури Покистон тасреҳ кард: Тасмими нахуствазири Ҳинд барои лағви имтиёзоти вижаи  минтақаи Ҷаму ва Кашмир собит кард, Деҳлии Нав ҳеҷ тааҳҳуде дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва қатъномаҳои Созмони Милал надорад.

Ориф Алавӣ гуфт: Мавзеи шаффофи Покистон дар бораи Кашмир аз ҳимоятҳои дипломатӣ бархӯрдор аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд Деҳлии Навро ба мизи музокира бикашонад.

 

Барчасп