Август 24, 2019 16:50 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: Тавофуқномаи сулҳ байни Амрико ва Толибон мабнои қонунӣ надорад

Раисҷумҳури Афғонистон имзои тавофуқномаи эҳтимолии сулҳ миёни Амрико ва Толибонро фоқиди мабнои қонунӣ хонд.

Ба гузориши ИРНА, Ашраф Ғанӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо телевизиони “Тулуъ”-и Афғонистон, бо ишора ба тавофуқномаи сулҳи эҳтимолие, ки мумкин аст дар рӯзҳои оянда байни Амрико ва Толибон дар Қатар имзо шавад гуфт, тавофуқ байни Толибон ва Амрико мабнои қонунӣ надорад ва ҳузури давлат дар музокироти мустақим лозим ва зарурӣ аст.

Ашраф Ғанӣ таъкид кард, тавофуқномаи сулҳ танҳо аз сӯи давлати Кобул имзо хоҳад шуд.

Вай бо ишора ба ин ки тими музокиракунандаи давлати Афғонистон дар чанд рӯзи оянда интихоб ва эълом мешавад, изҳор дошт, Толибон бахше аз ин кишваранд ва таъйинкунандаи сарнавишти Афғонистон нестанд.

Ба гуфтаи Ашраф Ғанӣ, ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон монеи музокироти мустақим байни давлати Афғонистон ва Толибон аст.

Даври нуҳуми музокироти Толибон ва Амрико панҷшанбе дар Доҳа, пойтахти Қатар оғоз шуд ва Суҳайли Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар ин кишвар гуфт, тарафайн чанд рӯзи оянда тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ имзо мекунанд.

Хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва эъломи оташбас - аз меҳварҳои аслии тавофуқномаи сулҳи Амрико ва Толибон аст.

 

Барчасп