Сентябр 22, 2016 18:05 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси Комиссияи Аврупо аз табъизи бархе кишварҳо алайҳи мусалмонон

Жан Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо рӯзи панҷшанбе аз ин ки бархе кишварҳои ин қора аз пазириши паноҳҷӯёни мусалмон худдорӣ мекунанд, интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Юнкер гуфт, бархе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муътақиданд, "мо кишварҳои католик ҳастем ва ҷое барои мусалмонон надорем, аммо чунин мантиқ қобили қабул нест". Ӯ афзуд, мавзӯъҳои инсонӣ аз ихтилофҳои динӣ болотаранд ва ин гуна нест, ки мазҳабҳо нисбат ба афрод авлавият дошта бошанд.

Комиссияи Аврупо бозӯи иҷроияи Иттиҳоди Аврупо аст.

Иттиҳоди Аврупо моҳи сентябри соли 2015 тасмим гирифт, беш аз 160 ҳазор тан аз паноҳҷӯёни сокини Юнону Италияро дар муддати ду сол миёни кишварҳои аъзо тақсим кунад. Аммо то кунун танҳо панҷ ҳазор паноҳҷӯ дар кишварҳои дигар ҷойгир шудаанд. Аз сӯи дигар бисёре аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ марзҳояшонро ба рӯйи паноҳҷӯён бастаанд ва Иттиҳоди Аврупо низ бо Анкара тавофуқ кардааст, ки Туркия дар қиболи дарёфти пул аз паноҳҷӯён дар хоки худ мизбонӣ карда, монеи вурудшон ба Аврупо шавад.