Август 25, 2019 10:13 Asia/Dushanbe
  • Идомаи эътирозҳои мардумӣ дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд

Мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд бори дигар бидуни таваҷҷуҳ ба муқаррароти ҳукумати низомӣ дар ин минтақа тазоҳуроти карданд.

Ба нақл аз Алъолам, дар ин тазоҳурот, ки рӯзи ҷумъа дар минтақаи Сиринигери Кашмири таҳти контроли Ҳинд баргузор шуд муътаризон иқдомоти хасмонаи давлати Ҳинд алайҳи Кашмирро маҳкум карданд.

Давлати Ҳинд душанбе 5 август ихтиёроти вижаи минтақаи Кашмири таҳти контроли ин кишварро бекор ва барои пешгирӣ аз эътирози мардуми Кашмир, мактабҳо ва донишгоҳҳоро таътил ва телефон ва интернети ин минтақаро қатъ кардааст.

Низомиёни ҳиндӣ низ дар минтақаи Кашмир ҳукумати низомӣ барқарор кардаанд, аммо мардуми ин минтақа ҳамчунон дар хиёбонҳо ҳузур доранд.

Бо бекор кардани ихтиёроти вижаи минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд аз сӯи парлумони ин кишвар шароит барои кашмириҳои таҳти контроли Ҳинд душвортар ва замина барои муҳоҷирати ҳиндуҳо ба ин минтақа ва хариду фуруши заминҳои Кашмир аз сӯи онҳо фароҳам мешавад.

Кашмириҳои таҳти контроли Ҳинд ин иқдом ва дигар гомҳои ахири Деҳлии Нав дар ин минтақаро эъломи ҷанг алайҳи худ хондаанд.

Барчасп