Чаро муғулҳо ҳаргиз либосҳои худро намешустанд?
Муғулон аз тарси ин ки мабодо аждаҳои эҳтимолии мавҷуд дар обро асабӣ кунанд либосҳои худро ҳаргиз намешустанд.
Ба нақл аз Интихоб, муғулҳо муътақид буданд, ки гуруҳе аждаҳо масъулияти контроли чархаи обҳоро бар уҳда доранд ва дар натиҷа ҳеҷ инсоне ҳақ надорад дар оби рӯдхона ҳаммом кунад ё либосҳои худро шустшӯ диҳад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки онҳо то замоне, ки либосашон пусида намешуд ё худ ба худ аз танашон пора намешуд ҳамон либосро мепушиданд.
Танҳо истисно дар ин маврид марбут ба замони ҷашнвораҳо буд.
Баъзе аз таърихдонон навиштаанд, ки муғулҳо буи баде медоданд ва вақте анбуҳе аз муғулҳо наздики маконе мешуданд ибтидо буи бади бадани онҳо мерасид.
Гузашта аз беҳдошти шахсии онҳо , буи нохушоянди онҳоро метавон ба режими ғизоиашон, ки бештар шомили шири модиён, гушти фосид, муш, саг, решаи дарахт ва шири тахмиршуда буд нисбат дод.
Вақте шири модиён дар дастраси муғулҳо набуд онҳо хуни асбҳояшонро менушиданд.
Импиратураи Муғул бузургтарин импиратурии сарзаминӣ дар таърихи ҷаҳон дар соли 1206 таъсис шуд ва қарнҳо равнақ дошт.
Ҳофизаи таърихии эрониён хотираҳои талхе аз ҳамлаи муғулҳо дорад, аммо онҳо пас аз ҳуҷум ба Эрон ва сукунат дар ин сарзамин аз фарҳанг ва одобу русуми эрониён таъсироти фаровоне гирифтанд.
Муғулҳо ба хтири тактикҳои ҷангии бераҳмона гузоришҳои иттилоотӣ ва шабакаи ирсоли нома аз тариқи пуст машҳур буданд бо ин ҳол онҳо бархе аз иқдомоти беҳдоштиро камтар риоя кардаанд.