Август 26, 2019 12:29 Asia/Dushanbe
  • Марги беш аз 500 миллион занбур дар Бразилия

Оташсузии густарда дар Амазон муҷиби марги ҳади ақал 500 миллион занбур шудааст.

Ба нақл аз Блумберг, Олду Мочоду, ноиби раиси анҷумани занбурдории Рею Гронд Сули Бразилия гуфт; вазъи экосистеми зиндагии занбурҳо дар оташсузии Амазон бисёр хатарнок шуд ва мо роҳе барои ҳифозат аз занбурҳо надоштем.

Занбурҳои асал бисёр муҳим ҳастанд,на фақат барои Бразилия балки барои ҷаҳон.

Созмони ғазо ва кишоварзии Созмони Милалл тахмин мезанад,ки ҳудуди 75 дар сад аз ғазоҳои ин саёра вобаста ба гардафшонии занбурҳост.

Акнун раванди рӯ ба коҳиши ҷамъияти занбурҳо дар Бразилия нишондиҳандаи коҳиши теъдоди занбурҳо дар дигар нуқтаҳои ҷаҳон аст.

Дар Англия ҳам насли як севвуми занбурҳои ваҳшӣ ва ҳашароти гардафшон дар ҳоли коҳиш аст.