Таҳдиди Чин ба иқдомоти тиҷории ҷадид алайҳи Амрико
Чин эълом кард, ин кишвар омодаи рӯйи даст гирифтани тадобири ҷадид барои муҳофизат аз манофеи худ дар сурати иҷрои таърифаҳои гумрукии бештар аз сӯи Амрико аст.
Вазорати умури хориҷаи Чин имрӯз зимни эъломи мухолифат бо эъмоли таърифаҳои гумрукии бештар бар колоҳои чинӣ, ки ба тозагӣ аз сӯи Вашингтон эълом шудааст, афзуд, ду кишвар бояд мушкилоташонро аз тариқи гуфтугӯ ҳал кунанд.
Вазорати умури хориҷаи Чин ибрози умедворӣ кард, Амрико бояд иқдомоти иштибоҳи худ дар эъмоли таърифаро мутаваққиф кунад, дар ғайри ин сурат паёмадҳои он мутаваҷҷеҳи Вашингтон хоҳад шуд.
Ин дар ҳоле аст , ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар иқдоме талофиҷӯёна аз афзоиши панҷдарсадии нархи таърифаи гумрукӣ бар 550 миллиард доллар (493 миллиард евро) колоҳои воридотӣ аз Чин хабар дод.
Чин ҳам ахиран бар 75 миллиард доллар аз колоҳои воридотии Амрико таърифа баст.
Рӯёрӯии тиҷории Амрико ва Чин аз ҳаштуми моҳи марти соли 2018 оғоз шудааст.