Ибрози нигаронии Кореяи Ҷанубӣ аз озмоишҳои мушакии ахири Кореяи Шимолӣ
Вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ аз озмоишҳои мушакии ахири Кореяи Шимолӣ ибрози нигаронӣ кард.
Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷеон Кён Дэу дирӯз дар Сеол муддаӣ шуд нерӯҳои артиши Коеряи Ҷанубӣ қодиранд бо мушакҳои кутоҳбурди Кореяи Шимолӣ муқобила кунанд.
Вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ дар айни ҳол аз талошҳои депломатики давлат барои ҳалли таниш бо Кореяи Шимолӣ эъломи омодагӣ кард ва аз ин кишвар хост озмоишҳои мушакии худро мутаваққиф кунад.
Кореяи Шимолӣ дар вокуниш ба размоишҳои муштараки Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ дар нимаҷазираи Корея ду мушаки кутоҳбурд дар рӯзи шанбе партоб кард.
Кореяи Шимолӣ борҳо дар бораи размоишҳои муштараки Амрико ва Корея Ҷанубӣ ҳушдор дода ва таҳдид кардааст агар Сеол масири размоиш бо Амрикоро идома диҳад, Пхенян ба ҷои таомул ба дунболи роҳи наве хоҳад буд.