Поёни нишасти сарони Гурӯҳи 7
(last modified Tue, 27 Aug 2019 09:43:14 GMT )
Август 27, 2019 14:43 Asia/Dushanbe
  • Поёни нишасти сарони Гурӯҳи 7

Нишасти сарони Гурӯҳи 7, ки дар шаҳри Беретзи Фаронса ва ба мизбонии Эммануэл Макрон, раисҷумҳури ин кишвар аз шанбешаб оғоз шуда буд, рӯзи душанбеи 26 август поён ёфт.

Бо ин ки баёнияи Фаронса дар поёни ин нишаст ба бархе тавофуқҳо ишора дорад, ихтилофот ҳамчунон бар ин гурӯҳи муташаккил аз ҳафт кишвари санъатии ҷаҳони Ғарб соя андохтааст.

Албатта Макрон дар нишасти хабарии муштарак бо Доналд Трамп, ҳамтои амрикоии худ, музокироти Гурӯҳи 7-ро дар бораи бисёре аз мавзӯот, аз ҷумла Эрон созанда тавсиф кард. Макрон гуфт: “Дар заминаи масоиле чун Сурия ва Ҳонконг ва низ оташсӯзӣ дар ҷангалҳои Бразилия ба натоиҷи хубе расидем”.

Трамп ҳам дар ин нишасти хабарӣ муддаӣ шуд: “дар нишасти Гурӯҳи 7 бисёр муттаҳид ва фавқулода будем”.

Дар баёнияи поёнии нишасти сарони Гурӯҳи 7, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, бидуни ишора ба ихтилофоти аъзо, ба вижа бо Трамп, гуфта шудааст, ки ин нишаст тавонист ба тавофуқҳое даст ёбад. Дар ин баёния бар тааҳҳуди Гурӯҳи 7 ба суботи иқтисоди ҷаҳонӣ таъкид шудааст.

Баёния дар бораи Эрон унвон карда, ки Гурӯҳи 7 дар садади ба истилоҳ итминон аз даст наёфтани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ва низ тақвияти сулҳу субот дар Ғарби Осиё аст. Баёнияи сарони Гурӯҳи 7 дар бораи буҳрони Украина низ ба барномарезии Фаронса ва Олмон дар ҳафтаҳои оянда барои баргузории иҷлоси шабеҳи нишасти Нормандия ишора кардааст. Сарони Гурӯҳи 7 дар бораи Либия ҳам унвон кардаанд, ки муътақиданд танҳо роҳи ҳалли сиёсӣ метавонад суботи ин кишварро тазмин кунад. Гурӯҳи 7 бори дигар бар аҳамияти эъломияи муштараки Чин ва Британия дар соли 1984 дар бораи Ҳонконг таъкид карданд ва хостори ҷилавгирӣ аз бурузи хушунат дар ин минтақа шуданд.

Яке аз тавофуқҳои суратгирифта дар нишасти Гурӯҳи 7 дар заминаи ислоҳи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ буд. Дар баёнияи поёнӣ гуфта шуда, ки Гурӯҳи 7 моил ба ислоҳи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат барои беҳбуди асарбахшии он дар ҳимоят аз моликияти маънавӣ, ҳалли фаврии ихтилофот ва аз байн бурдани шеваҳои тиҷорати ноодилона аст. Ҳафт кишвари санъатии ҷаҳон тайи ин баёния эълом карданд, ки дар пайи тағйироте дар СҶТ ҳастанд то барои ҳимоят аз моликияти маънавӣ, онро коромадтар ва танишҳо бар сари тиҷорати нобаробарро сареътар аз қабл рафъ кунанд.

Ин тавофуқ бо таваҷҷуҳ ба бурузи ҷанги тиҷорӣ байни Амрико ва Чин ва низ таҳдидоти идомадори Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои афзоиши таърифаҳо алайҳи маҳсулот ва колоҳои содиротии Аврупо ба Амрико сурат гирифтааст. Дар айни ҳол дар пайи тасвиби қонуни ахзи молиёти 25 дарсадӣ аз ғӯлҳои фанноварии иттилооти Амрико монанди “Гугл” ва “Фейсбук” дар Фаронса, ки эътирози шадиди Вашингтонро боис гашта, зоҳиран тавофуқе байни Макрон ва Трамп дар ин бора сурат гирифт. Макрон бо ишора ба танишҳои тиҷорӣ миёни ду кишвар гуфт, ки Порис ва Вашингтон талош мекунанд то аз ихтилофҳои худ бикоҳанд. Дар ин замина дар баёнияи поёнӣ ишора шуда, ки Гурӯҳи 7 мутааҳҳид мешавад дар соли 2020 тавофуқномаеро барои содатар кардани мавонеи назоратӣ ва навсозии низоми молиётии байналмилалӣ дар чорчӯби Созмони Ҳамкорӣ ва Тавсеаи Иқтисодӣ имзо кунад.

Бо вуҷуди ин тавофуқҳо, ихтилофот бар сар мавзӯоте монанди тавофуқи обуҳавои Порис ҳамчунон байни шаш кишвари узви Гурӯҳи 7 бо Амрико вуҷуд дорад. Ин ихтилофот ба ҳадде аст, ки Трамп ҳозир ба ширкат дар ҷаласаи сарон барои баҳс дар ин замина нашуд. Стефани Гришом, сухангӯи Кохи Сафед эълом кард, Доналд Трамп дар нишасти марбут ба тағйироти обуҳавоӣ, ки дар чорчӯби нишасти Гурӯҳи 7 баргузор шуд, ҳузур наёфт. Ҳарчанд баҳонаи Трамп барои ин кор, дидор бо сарони бархе кишварҳо унвон шуд, аммо дар воқеъ Трамп ба ин тартиб норизоии худро аз баррасии ин масъала дар нишасти сарони Гурӯҳи 7 эълом кард. Трамп пеш аз ин Амрикоро аз тавофуқи обуҳавоии Порис хориҷ кард. Иқдоме, ки соири аъзои Гурӯҳи 7 аз он интиқод ҷиддӣ карданд.

Масъалаи дигаре, ки дар нишасти сарони Гурӯҳи 7 худнамоӣ кард, ихтилофи назари шадиди аъзои аврупоии ин гурӯҳ бо Британия дар бораи масъалаи хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо (Брекзит) буд. Дар ин нишаст сарони Иттиҳоди Аврупо ба сароҳат ба Лондон дар бораи паёмадҳои “Брекзит” бидуни тавофуқ ҳушдор доданд ва дар муқобил Борис Ҷонсон, нахуствазири Британия низ бар азми худ барои иҷрои “Брекзит” дар 31 октябр бо тавофуқи Иттиҳоди Аврупо ё бидуни он таъкид кард. Дар ин миён Трамп ҳаводори сарсахти Борис Ҷонсон ва рӯйкарди брекзитии вай аст ва масъалаи “Брекзит”  дар воқеъ боиси эҷоди ихтилофи ҷадид байни Брюссел ва Вашингтон шудааст.