Август 27, 2019 17:07 Asia/Dushanbe
  • Понздаҳ кушта дар тирандозиҳои Амрико

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико аз кушта шудани 15 нафар дар тирандозиҳои нуқоти мухталифи ин кишвар хабар дод.

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико рӯзи сешанбе гузориш дод, 64 мавриди тирандозӣ тайи 24 соати гузашта дар иёлатҳои мухталиф рӯй додааст, ки бар асари онҳо дастикам 15 нафар кушта ва 54 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бар ҳамин асос дар 48 соати гузашта низ 188 мавриди тирандозӣ дар иёлатҳои мухталифи Амрико гузориш шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 54 нафар кушта ва 166 нафар захмӣ шудаанд.

Тирандозиҳо ҳамарӯза сабаби маргу захмӣ шудани садҳо нафар дар Амрико мешаванд. Хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико аз ибтидои соли 2019 то кунун илова бар он ки омили марги ҳудуди 9 ҳазор нафар буда, ҳудуди 200 миллиард доллар ҳазина низ доштаанд. Бо вуҷуди ин Анҷумани миллии силоҳи Амрико ахиран мухолифати худро бо ислоҳи қавонини марбут ба фурӯши аслиҳа ба манзури назорати бештар дар ин замина эълом кард.

 

Барчасп