Таъкиди Аврупо бар тавофуқи ҳастаии 2015 бо Эрон
(last modified Thu, 29 Aug 2019 13:33:02 GMT )
Август 29, 2019 18:33 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Аврупо бар тавофуқи ҳастаии 2015 бо Эрон

Масули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе бо интиқод аз талошҳои Амрико барои тавофуқи нав бо Эрон,бар ҳифзи тавофуқи ҳастаии соли 2015 таъкид кард.

Ба нақл аз ИРНА, Федерика Могеренӣ гуфт; тавофуқи ҳастаии Эрон набояд ба унвони бахше аз иқдоми Амрико барои эҷоди тавофуқномаи амниятии нав бо Теҳрон қурбонӣ шавад.

Могеренӣ афзуд; тавофуқи ҳастаии соли 2015 як паймони чанд миллиятие аст,ки дар Шӯрои Амнияти Созмони Милалл тайид шуда ва ончи мавҷуд аст бояд ҳифз шавад.

Масули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард,ки бо ин ҳол Аврупо аз ҳар тарҳи мукамали дигаре,ки ба тавофуқи ҳастаӣ эҳтиром бигузорад,истиқбол мекунад зеро мо ҳамеша дар паи ҳимоят аз ин тавофуқнома будаем.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ин ҳафта гуфтааст,ки воқеан фурсати хубе вуҷуд дорад,ки метавонад ба зуди бо Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии Эрон мулоқот кунад.

Рӯҳонӣ низ дар посух ба Трамп эълом кард,ки Эрон то қабл аз лағви таҳримҳои Амрико ҳеҷ барномае барои дидор бо Трамп нахоҳад дошт.