Август 29, 2019 20:01 Asia/Dushanbe
  • Дархости Созмонҳои исломии Ҳинд барои оддӣ шудани шароит дар Кашмир

Созмонҳои исломии Ҳинд аз ҷумла Ҷамоъати уламо, Ҷамоъати исломӣ ва Ҷамоъати марказии аҳли ҳадис, аз давлати ин кишвар хостанд то ҳарчи зудтар шароити оддиро ба Кашмир бозгардонад.

 Ба нақл аз ИРНА, Созмонҳои исломии Ҳинд эълом карданд,ки пеш аз анҷоми ҳар иқдоме мунтазир мемонанд то ҳукми додгоҳи олӣ дар иртибот бо эътибори қонунии иқдоми давлати Ҳинд дар лағви имтиёзоти хоси Ҷому ва Кашмир содир шавад.

Додгоҳи олии Ҳинд қарор аст ҳафтаи аввали моҳи оянда, тасмими давлати Ҳинд дар иртибот бо Кашмирро баррасӣ кунад.

Нахуствазири Ҳинд 5 август аз тасмими худ барои лағви худмухтории нисбии минтақаи Ҷому ва Кашмир хабар дод.

То пеш аз ин тибқи асли 370 и қонуни асосии Ҳинд, ин минтақа ба ҷуз масоили дифоъӣ ва умури хориҷӣ, дар дигар маворид аз ихтиёроти хос бархурдор буд.

Ҳамчунин тибқи банди 35 и қонуни Ҳинд фуруши ҳаргуна амволи ғайри манқул ба афроде,ки бумии иёлоти Ҷому ва Кашмир нестанд, мамнуъ аст.

Давлат пас аз лағви асли 370 қонуни асосӣ ва банди 35 қонуни Ҳинд,ки ихтиёроти вижае барои иёлоти Ҷому ва Кашмир дар назар гирифта буд, барои пешгирӣ аз эътирози мардум, мадорис ва донишгоҳоро таътил ва телефон ва Интернети ин минтақаро қатъ кардааст.

Коршиносон муътақиданд ҳадафи Ҳинд аз лағви ин қонунҳо, тағийри бофти ҷамъиятии минтақаи Кашмир ба нафъи ҳиндуҳост.

Барчасп