Август 31, 2019 11:20 Asia/Dushanbe
  • Артиши Сурия оғози оташбас дар Идлибро аз бомдоди шанбе эълом кард

Артиши Сурия эълом кард,ки бо оташбас дар минтақаи коҳиши таниш дар Идлиби Сурия ва аз бомдоди шанбе мувофиқат кардааст.

Як манбаъи низомии Сурия эълом кард,ки артиши ин кишвар бо оташбас дар минтақаи коҳиши таниш дар Идлиби Сурия аз бомдоди шанбе мувофиқат кардааст.

Ба нақл аз Форс,гуфт; ки бо оташбас дар минтақаи коҳиши таниш дар Идлиб аз бомдоди рӯзи 31 август ( шанбе ) мувофиқат шуда,ки албатта ин мувофиқат бо ҳифзи вокуниш ба ҳаргуна нақзи оташбас аз сӯи терорристҳо аст.

Маркази оштии Русия дар Сурия рӯзи ҷумъа эълом кард,ки давлати Димишқ тасмим гирифта то аз рӯзи 31 август ( шанбе ) оташбаси якҷонибаеро дар Идлиб барқарор кунад.

Ба навиштаи хабаргузории Рейтерз Вазорати дифоъи Русия  бо эъломи хабари барқарории оташбаси артиши Сурия дар минтақаи коҳиши таниш Идлиб, аз тамоми аносири мусалаҳ ва шибҳи низомиёни муъориз хост то ба ин оташбас пойбанд бошанд.

Барчасп