Баррасии роҳҳои густариши ҳамкории пизишкии Эрон ва Арманистон
Сафири Эрон дар Айравон ва вазири беҳдошти Арманистон роҳҳои густариши ҳамкории пизишкии дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Дар дидори рӯзи ҷумъаи Сайид Козим Саҷодӣ сафири Эрон дар Арманистон ва Арсен Турусян вазири беҳдошти Арманистон ду тараф дар хусуси густариши ҳамкориҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ байни ду кишвар дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла тавлид ва содироти таҷҳизоти пизишкӣ,дору ва дармон, гардишгарии саломат, роҳандозии клиники эрониён ва табодули таҷрибаҳо дар дигар арсаҳои пизишкӣ гуфтугу карданд.
Арсен Турусян вазири беҳдошти Арманистон бо истиқбол аз густариши ҳамкорӣ бо Эрон дар арсаҳои пизишкӣ,омодагии худро барои сафар ба ҷумҳурии исломии Эрон ба манзури амалиётӣ кардани тафоҳумоти ду кишвар дар ин ҳавзаҳо эълом кард. Муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон ва Арманистон пас аз истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 раванди рӯ ба рушдеро тай мекунад.
Эрон ва Арманистон илова бар робитаҳои хуби сиёсӣ, барномаҳои мухталиферо барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ,иқтисодӣ,тиҷорӣ ва афзоиши сатҳи мубодилоти ду кишвар дар дастури кор доранд.