Август 31, 2019 16:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд ду миллион мусалмонро ихроҷ мекунад

Дар идомаи фишорҳо ва маҳдудиятҳо алайҳи ақалияти мусалмони Ҳинд, давлати Деҳлии Нав тобеияти ҳудуд ду миллион нафар аз сокинони иёлати Ассамро дар ин кишвар лағв кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, давлати Ҳинд пас аз муддатҳо аз шурӯи баррасии тобеияти қонунии сокинони иёлати Ассам, дар шимоли шарқи ин кишвар, тобеияти ҳудуди ду миллион нафарро, ки ағлаб мусалмон ҳастанд, лағв кардааст ва ба зудӣ ин афродро аз Ҳинд ихроҷ хоҳад кард.

Бар асоси гузориши “Рейтерз”, мунтақидони ин тарҳ мегӯянд, ки ҳадафи давлати Ҳинд фишор бар ақалияти мусалмонони ин кишвар аст.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки дар сурати ихроҷи ин афрод, онҳо қарор аст ба куҷо бираванд ва дар куҷо сокин шаванд.

Чунин вазъияте ҳамакнун дар бораи мусалмонони Руҳингиё низ вуҷуд дорад, ки аз сӯи давлати Миёнмор овора шудаанд ва кишвари дигаре низ онҳоро қабул накардааст.

Бар асоси ин гузориш, афроде, ки ихроҷ шудаанд, 120 рӯз фурсат доранд ҳаққи шаҳрвандии худро дар додгоҳе мавсум ба “додгоҳҳои афроди хориҷӣ” собит кунанд.

Бар асоси ин гузориш, эҳсосот алайҳи муҳоҷиратҳои ғайриқонунӣ дар иёлати Ассам, ки яке аз фақиртарин иёлатҳои Ҳинд аст, аз солҳо пеш ташдид шудааст.

Ҳиндуҳо муддаӣ ҳастанд, ки бисёре аз сокинони иёлати Ассам хориҷӣ ҳастанд ва аз кишварҳои ҳамсояе назири Бангладеш ба он ҷо муҳоҷират кардаанд то шуғлҳо ва заминҳои онҳоро тасоҳуб кунанд.

Хабари ихроҷи ду миллион мусалмон аз Ҳинд дар ҳоле мунташир шуда, ки наҳваи рафтори давлати Деҳлии Нав бо мусалмонон дар минтақаи Кашмир низ хабарсоз шудааст.

Нерӯҳои амниятии Ҳинд дар ҳафтаҳои гузашта маҳдудиятҳои зиёде алайҳи мусалмонони сокини иёлати Ҷому ва Кашмир эъмол кардаанд.

 

Барчасп