Сентябр 01, 2019 10:28 Asia/Dushanbe
  • Мухолифони давлати Русия дубора ба хиёбонҳо омаданд

Садҳо нафар аз мухолифони давлати Русия бори дигар дар эътироз ба ҳазфи шуморе аз номзадҳои мухолифи давлат дар интихоботи маҳалли Маскав ба хиёбонҳо омаданд.

Ба нақл аз ИРНО, мухолифони давлат рӯзи шанбе бо ҳузур дар хиёбонҳои Маскав баргузории интихоботи озод барои Шурои қонунгузориро, ки қарор аст 8 сентябри 2019 баргузор шавад хостор шуданд.

Тазоҳуркунандагон, ки эътирозҳои худро аз чанд ҳафта пеш оғоз кардаанд, шиори Русия озод хоҳад шуд ва ин шаҳри мост сар медоданд.

Вазорати кишвари Русия шумори муътаризонро 750 нафар эълом кард.

Маскав дар чанд ҳафтаи ахир шоҳиди тазоҳуроти бидуни иҷозатномаи шуморе аз мардуми ин кишвар ба далели радди салоҳияти бархе аз номзадҳои интихоботи маҳаллӣ будааст.

Расонаҳои ғарбӣ дар ҳафтаҳои ахир талош кардаанд аз тариқи таҳрики мардум  дар умури дохилии Русия дахолат кунанд.

Вазорати хориҷаи Русия ахиран эълом карда сафорати Амрико дар Русия фаолона дар эътирозоти ғайриқонунӣ дар Маскав даст доштааст.

Аз нигоҳи Владимир Путин  кишварҳои ғарбӣ дар пушти пардаи эътирозот дар Русия талош мекунанд, то дар ин кишвар инқилоби рангӣ бар по кунанд.

 

Барчасп