Сентябр 01, 2019 11:29 Asia/Dushanbe
  • Поёни нуҳумин даври музокираҳои Толибон ва Амрико дар Қатар

Сухангӯи Дафтари сиёсии гуруҳи Толибон дар Қатар дар пайёме твиттерӣ аз поёни даври нуҳуми музокироти амрикоиҳо бо Толибон хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Суҳейли Шоҳин субҳи имрӯз якшанбе музокироти гуруҳи Толибон бо намояндагони Амрико дар Дуҳа пойтахти Қатарро муваффақиятомез хонд ва гуфт, аъзои ин гуруҳ баъд аз зуҳри имрӯз ҷаласае бо коршиносони амрикоӣ хоҳанд дошт.

Даври нуҳуми музокироти амрикоиҳо бо Толибон дар ҳоле ба поён расид, ки токунун натиҷае барои мардуми Афғонистон надоштааст.

 

Барчасп