Дархости нахуствазири Покистон аз ҷаҳониён барои ҳимоят аз Кашмир
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46370-Дархости_нахуствазири_Покистон_аз_ҷаҳониён_барои_ҳимоят_аз_Кашмир
Нахуствазири Покистон аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хост аз мардуми мазлуми Кашмири таҳти назорати Ҳинд ҳимоят кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 01, 2019 16:24 Asia/Dushanbe
  • Дархости нахуствазири Покистон аз ҷаҳониён барои ҳимоят аз Кашмир

Нахуствазири Покистон аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хост аз мардуми мазлуми Кашмири таҳти назорати Ҳинд ҳимоят кунанд.

Ба гузориши ИРНА, Умрон Хон дар суханоне дар иртиботи видеоӣ барои нишасти ҷомеаи исломии Амрикои Шимолӣ дар Амркио бо ишора ба ин, ки ҷаҳон бояд аз он чи дар Кашмири таҳти назорати Ҳинд мегузарад огоҳ шавад гуфт, ки давлати Ҳинд ба дунболи тағйири бофти ҷамъиятии Кашмир аст.

Ахиран бо лағви ихтиёроти вижа (худмухторӣ)- минтақаи Кашмири таҳти назорати Ҳинд аз сӯи Парлумони ин кишвар, шароит барои кашмириҳои таҳти назорати Ҳинд душвортар ва замина барои муҳоҷирати ҳиндуҳо ба ин минтақа ва хариду фурӯши заминҳои Кашмир аз сӯи онҳо фароҳам шудааст.

Тағйир дар таркиби ҷамъиятии минтақаи Кашмири таҳти назорати Ҳинд, муҳимтарин ҳадафи давлати ин кишвар аз лағви худмухторӣ дар ин минтақа аст.