Сентябр 03, 2019 11:57 Asia/Dushanbe
  • 4 кушта дар оташсӯзии полоишгоҳе дар Ҳинд

Оташсӯзии полоишгоҳе дар Ҳинд 4 кушта барҷой гузошт.

Ба нақл аз Форс, вуқуи оташсӯзӣ дар як полоишгоҳи фароварии нафту гоз дар Ҳинд 4 кушта ва 3 маҷруҳ бар ҷой гузошт.

Ширкати нафту гози табиии Ҳинд дар твитти худ эълом кард, ки ин оташсӯзӣ дар бахши зеҳкашии партови сатҳии корхона рух дода, ки таи ду соат хомӯш шудааст.

Пойгоҳи Пресс Трост-и Ҳиндустон ба нақл аз полис гуфт, ки беш аз 20 мошини сӯхтор ба суръат ба маҳалли оташсӯзӣ омаданд ва дар ин ҳодиса 4 нафар кушта ва 3 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Ин дар ҳолест, ки ширкати нафту гози табиии Ҳинд ҳеҷ омори талафотеро пешниҳод накардааст.

Барчасп