Сентябр 03, 2019 13:53 Asia/Dushanbe
  • Партоби мушаки Бадр-1 ба фурудгоҳи минтақаии Наҷрон дар Арабистони саудӣ

Сухангӯи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман аз партоби чанд мушаки болстик ба фурудгоҳи Наҷрони Арабистон ва таътилии парвозҳо дар ин фурудгоҳ хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Яҳё Сариъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз сешанбе эълом кард, теъдоде мушаки болстик аз навъи Бадр-1 ба фурудгоҳи минтақаии Наҷрон-и Арабистони саудӣ ва дигар аҳдоф партоб шудааст.

Вай дар саҳифаи Твиттери худ навишт, ин мушакҳо ба ҳадаф асобат карда ва мунҷар ба таътилии новбарии ҳавоӣ дар ин фурудгоҳ шудааст.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дирӯз душанбе низ аз шикасти амалиёти густардаи маздурони саудӣ ба шаҳри Ҳараз дар вилояти Ҳаҷҷа хабар дод.

Вай дар ин пайёми твиттерӣ навишт, артиш ва кумитаҳои мардумии Яман тавонистанд бузургтарин ҳамлаи маздурони саудӣ ба пойгоҳҳои артиши Яман дар шаҳри Ҳаразро, ки ҳудуди 24 соат ба тул анҷомид ноком бигузоранд.

Ҳамчунин шабакаи Алмасираи Яман шомгоҳи панҷшанбе ба нақл аз нерӯҳои паҳподии артиши Яман гузориш дод фурудгоҳи Наҷронро бо паҳподҳои таҳоҷумии Қосиф К2 ба сурати густарда ҳадаф қарор додааст.

Барчасп