Покистон оғозгари истифода аз силоҳи ҳастаӣ зидди Ҳинд нахоҳад буд
Нахуствазири Покистон гуфт, бо вуҷуди ташдиди таниш бо Ҳинд бар сари Кашмир Исломобод оғозгари истифода аз силоҳи ҳастаӣ зидди Ҳинд нахоҳад буд.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Умрон Хон дар суханронияш дар шаҳри Лоҳур гуфт, Ҳинду Покистон ҳарду кишварҳои ҳастаӣ ҳастанд, аммо Исломобод ҳаргиз тарафи нахусте нахоҳад буд, ки аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад. Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Файсал, сухангӯи Вазорати хориҷии Покистон низ гуфт, ин изҳори назри Умрон Хон нишондиҳандаи тағйири сиёсати ҳастаии Покистон нест. Вай афзуд, нахуствазири Покистон бо сароҳат бар тааҳҳуди Покистон ба сулҳу зарурати поибандии ду кишвар бар рафтори масъулона таъкид кард.
Ахиран бо лағви ихтиёроти вижа (худмухторӣ)-и минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд аз сӯйи парлумони ин кишвар шароит барои кашмириҳои таҳти контроли Ҳинд душвортар, замина барои муҳоҷирати ҳиндуҳо ба ин минтақа ва хариду фурӯши арозии Кашмир аз сӯйи онҳо фароҳам шудааст. Тағйир дар таркиби ҷамъиятии минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд муҳимтарин ҳадафи давлати ин кишвар аз лағви худмухторӣ дар ин минтақа аст. Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва бахши дигаре дар хоки Покистон қарор дорад.