Сентябр 05, 2019 18:49 Asia/Dushanbe
  • Путин: Русия алоқаманд ба ҳалли вазъият дар тангаи Ҳурмуз аст

Раисиҷумҳури Русия гуфт, Русия алоқаманд ба он аст, ки вазъият дар тангаи Ҳурмуз ҳаллу фасл шавад.

Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар нишасти умумии Ҳамоиши иқтисодии байналмилалии Шарқ дар Владивостоки Русия гуфт, бидуни ҳар гуна шаку тардид Русия алоқаманд аст, ки вазъияти ҳаллу фасл шавад ва танишҳо бештар нашавад.

Вай ибрози умедворӣ кард, ҳамаи иқдомоти тамоми ширкаткунандагон дар ин раванд мунҷар ба оромиши авзоъ ва ҳаллу фасли ин масоил аз ҷумла вазъият перомуни барномаи ҳастаии Эрон бар асоси асноди байналмилалӣ ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид шавад.

Путин хотирнишон кард, Русия чанд соли пеш пешниҳодеро барои эҷоди созу кори байналмилалӣ матраҳ кард, ки бар асоси он мешуд созмони байналмилалии вежаеро барои ҳалли ин масоил таъсис кард. Раисиҷумҳури Русия гуфт, мо ҳаминак ин мавзӯро бо ширикони чинии худ ва бо дигарон мавриди музокира қарор медиҳем ва бояд бубинем ба чӣ натиҷҳое хоҳем расид.

 

Барчасп