Ҳамоиши байналмилалии “Ширхорагони ҳусайнӣ” дар беш аз 40 кишвари ҷаҳон
Ҳамоиши байналмилалии “Ширхорагони ҳусайнӣ” имрӯз (ҷумъа), ҳамзамон бо нахустин ҷумъаи моҳи муҳаррам дар беш аз 6 ҳазор макон дар Эрони исломӣ ва 45 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.
Маросими ҷаҳонии “Ширхорагони ҳусайнӣ (а)” яке аз маносики мазҳабӣ дар моҳи муҳаррам аст, ки ба ёди кӯдакони шаҳид дар рӯзи Ошӯро, аз сӯи мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла Эрон, Ҳинд, Покистон, Ироқ, Арабистон, Туркия ва Афғонистон дар нахустин ҷумъаи моҳи муҳаррам баргузор мешавад.
Дар маросими ҷаҳонии “Ширхорагони ҳусайнӣ (а)” модарон бо пӯшонидани либосҳои ҳамшакл бар тани навзодонашон ва азодорӣ дар сӯги солори шаҳидон - ҳазрати Абуабдуллоҳил Ҳусайн (а) ва фарзандони шаҳидаш, ёди ҳазрати Алӣ Асғар (а) - кӯчактарин шаҳиди Карбалоро гиромӣ медоранд ва бо марсияхонӣ, бо ҳазрати Рубоб (саломуллоҳи алайҳо), модари ҳазрати Алӣ Асғар (а) ҳамнола мешаванд.
Ҳазрати Алӣ Асғар (а), кӯчактарин фарзанди имом Ҳусайн (а) буданд, ки дар даҳуми муҳаррами соли 61 –и ҳиҷрии қамарӣ, дар шашмоҳагӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд.