Сентябр 07, 2019 11:18 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти бесобиқаи Эдуғон дар бораи силоҳи атомӣ

Раҷаб тайиб Эдуғон раиси ҷумҳурии Туркия эълом кард ин,ки кишварҳои дорои силоҳи атомӣ, кишварашро аз доштани ин силоҳ манъ кунанд, барояш қобили қабул нест.

Ба нақл аз Спутник; Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷамъи аъзои Ҳизби Адолат ва тавсиъа дар шаҳри Сивоси Туркия таъкид кард; бархе аз кишварҳо кулоҳакҳои ҳастаӣ доранд, он ҳам на яке ва дуто ! аммо мегуянд,ки мо набояд мушобеҳи онҳоро дошта бошем ва ман наметавонам ин гуфтаро бипазирам.

Раиси ҷумҳурии Туркия таъкид кард; ҳеҷ кишвари пешрафтае дар ҷаҳон нест,ки силоҳи ҳастаӣ надошта бошад ва бархе аз кишварҳои пешрафта садҳо кулоҳаки ҳастаӣ доранд; ҳатто яке аз раисони ҷумҳурӣ ба ман гуфтааст,ки кишвараш 7500 кулоҳаки ҳастаӣ дорад.

Эрдуғон афзуд; Исроил дар наздикии мо ва тақрибан дар ҳамсоягии мо бо кулоҳаки ҳастаии худаш, дигар кишварҳоро метарсонад ва касе наметавонад ба онҳо ҳарфе бизанад.

Эрдуғон дар бораи ин,ки оё кишвари вай барномае барои сохти силоҳи ҳастаӣ дорад ё не  , тавзеҳе надод.

Гуфтани аст Туркия дар соли 1980 муъоҳидаи манъи густариши силоҳи ҳастаӣ ва низ муъоҳидаӣ манъи озмоишҳи ҳастаиро ба имзо расондааст.