Сентябр 07, 2019 20:49 Asia/Dushanbe
  • Терроризми иқтисодии Амрико

Амрико мекӯшад то зӯргӯии худро бо ташдиди таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон зери пӯшиши ҳифзи манофеъ ва дафъи таҳдидҳо тавҷеҳ кунад. Аммо Амрико аз кадом манофеъ ва кадом таҳдидҳо сӯҳбат мекунад?

Вазорати хазонадории Амрико бомдоди ҷумъа таҳдид кард, касоне, ки ба сӯхтрасонии нафткаши Адриан Дарё, ки чанд рӯз пеш онро таҳрим кард кӯмак кунанд, худашон ҳам дар феҳристи таҳрим қарор хоҳанд гирифт.

Дафтари назорати дороиҳои хориҷии Вазорати хазонадории Амрико рӯзи шанбе нафткаши эронии Адриан Дарёро, ки ҳомили 2.1 миллион бочка нафти хом будааст, таҳти таҳрим қарор дод.

Ин нафткаш ҳудуди ду моҳ пеш ҳангоми убур аз минтақаи Ҷабалутториқ тавассути туфангдорони дарёии Британия тавқиф шуд.

Аммо Ҷабалутториқ саранҷом ҳудуди ду ҳафта пеш бар асоси ҳукми қазоӣ ин нафткашро озод кард. Грейс 1 он замон номашро ба Адриан Дарё тағйир дод ва бо парчами Ҷумҳурии исломии Эрон ҳаракаташро оғоз кард.

Ҳамиди Баидинажод, сафири Эрон дар Лондон дар саҳифаи Твиттер навишт: Сафорати Эрон дар Лондон ба Созмони байналмилалии дарёнавардӣ ва аъзои он ҳушдор дод, ки Амрико бо таҳдид киштии ҳомили нафти Эрон, нохудо ва хадамаи киштӣ ва ҳамчунин таҳдиди кишварҳо ба адами ироаи хадамоти бандарӣ ба он киштӣ, муоҳидоти дарёнавардиро нақз ва амнияту эминии дарёнавардии байналмилалиро ба хатар андохтааст.

Амрико фақат ба эъмоли ин маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ басанда накард.Рӯзномаи инглисии Файнаншел Таймз ҳафтаи гузашта гузориш дод Браян Ҳук, намяндаи давлати Амрико дар умури Эрон бо ирсоли имейле ба нохудои ҳиндитабори нафткаши Адриан Дарё аз ӯ хоста, киштиро ба самти обҳои кишварӣ мунҳариф кунад, ки онро ба ниёбат аз Амрико тавқиф кунад.

Брайян Ҳук дар як имейли ғайримаъмул барои ин нохудо навишта метавонад пули Амрикоро бигирад ва бақияи умрашро дар рифоҳ зинагӣ кунад, аммо агар ин корро анҷом надиҳад, зиндагӣ барои ӯ душвор хоҳад шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар вокуниш ба ин хабар дар Твиттер навишт: Амрико пас аз нокомӣ дар дуздии дарёӣ мустақиман ба ришвадиҳӣ муттасил шудааст: Ё нафти Эронро ба мо бидеҳ ва чандин миллион доллар дарёфт кун ва ё худат таҳрим шав!Шабоҳати зиёде ба даъвате дорад, ки чанд ҳафта пеш ман аз Кохи Сафед дарёфт кардам. Ба улгу табдил мешавад.

Амрико пас аз хурӯҷ аз БАРҶОМ, ки тааҳҳуде чандҷониба ва байналмилалӣ ва мавриди тасдиқи Шӯрои амният борҳо аз музокираи муҷаддад бо Эрон сухан гуфтааст, дар ҳоле, ки ҳеҷ арзише барои музокироти гузашта ва тааҳҳудоте, ки давлати қаблии Арико бар он ниҳода шуда қоил нест.

Маънои ин хатти машйи давлати Трамп як бидъатгузории хатарнок барои сулҳу амният ва муоҳидоти байналмилалӣ аст.

Сиёсатҳои Амрикоро фақат мешавад ба унвони рафторе истикбор ва зӯргӯёна тавсиф кард, ки мехоҳад тааҳҳудоти худро алайҳи дигарон бо ибрози таҳрим ва ба баҳонаи дифоъ аз амният ва манофеи худ амалӣ кунад.

Ду нукта дар рафтори Амрико ғайри қобили гузашт аст:

Нуктаи аввал; рӯҳияи султаҷӯӣ аст, ки аз нигоҳи миллати Эрон ҳаргиз пазируфтанӣ нест.

Нуктаи дуввум; моҳияти сиёсатҳои Амрико аст, ки таи беш аз ним қарн нишон дод аз ҳеҷ таҷовуз ва ҷинояте барои тасаллут бар Эрон фурӯгузор намекунад.

Сиёсате, ки ҳашт соли ҷангро барои мардуми Эрон ба дунбол овард. Ин воқеиятҳо маҳаки қазовати миллати Эрон дар бораи Амрикост.