63 куштаву захмӣ дар тирандозиҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46576-63_куштаву_захмӣ_дар_тирандозиҳои_Амрико
Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико аз кушта ё захмӣ шудани 63 нафар дар тирандозиҳои 24 соати гузаштаи ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 08, 2019 17:04 Asia/Dushanbe
  • 63 куштаву захмӣ дар тирандозиҳои Амрико

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико аз кушта ё захмӣ шудани 63 нафар дар тирандозиҳои 24 соати гузаштаи ин кишвар хабар дод.

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико рӯзи якшанбе эълом кард, бар асари 61 мавриди тирандозӣ дар 24 соати гузашта дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар дастикам 22 нафар кушта ва 41 тан захмӣ шуданд.

Ин тирандозиҳо дар иёлатҳои Иллинойс, Миннисето ва Теннесси рух додааст.

Мутобиқи ин гузориш дар маҷмӯъ таи 48 соати гузашта 168 мавриди тирандозӣ дар иёлатҳои мухталифи Амрико гузориш шуд, ки дар натиҷаи онҳо 57 нафар куштаву 94 нафар захмӣ шудаанд.

Солиёна ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ бо силоҳи гарм дар нуқоти мухталифи Амрико кушта ё захмӣ мешаванд.