Сентябр 09, 2019 17:18 Asia/Dushanbe
  • Се захмӣ дар инфиҷори Кобул

Бар асари инфиҷор дар ҷодаи мунтаҳӣ ба фурудгоҳи Кобул, пойтахти Афғонистон се нафар захмӣ шуданд.

Полиси Афғонистон эълом кард, инфиҷори имрӯз, душанбе ношӣ аз минаи коргузошташуда дар ҷодаи фурудгоҳи Кобул буд, ки дар ҳавзаи чаҳоруми амниятӣ рӯй дод ва то кунун се нафар захмӣ шудаанд.

Садои ин инфиҷори қавӣ то шуои чанд километрӣ шунида шуд.

Ин инфиҷор дар ҳолест, ки ҳамзамон бо айёми Тосуо ва Ошӯрои ҳусайнӣ, тадобири шадиди амниятӣ дар Кобул ва соири шаҳрҳои Афғонистон ба иҷро даромадааст.