Азодории мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ошӯрои ҳусайнӣ
Ойини Ошӯрои ҳусайнӣ имрӯз, сешанбе дар ҳусайнияи эрониёни муқими Боку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон, бо ҳузури густурдаи эрониёни муқими Боку ва мусулмонони ин шаҳр баргузор шуд.
Ба гузориши ИРНА, ҳазорон тан аз сокинони Боку низ бо ҳузур дар маросими азодории Ошӯрои ҳусайнӣ дар масоҷид ва соири маконҳои динии ин шаҳр ба синазанӣ ва навҳасароӣ пардохтанд.
Маросими Ошӯрои ҳусайнӣ имрӯз, сешанбе бо ҳузури пуршӯри мусулмонон ва ошиқони аҳли байти исмат ва таҳорат дар масоҷид ва соир амокини динӣ дар соири шаҳрҳо ва шаҳристонҳои ҷумҳурии Озарбойҷон низ баргузор шуд.
Идораи мусулмонони Қафқоз дар соли ҷорӣ низ маъракаи эҳдои хун барои кӯдакони толосимӣ дар бархе масоҷид, амокини динии Боку ва соири шаҳрҳои ҷумҳурии Озарбойҷон бо назорати намояндагони Вазорати беҳдошти ин кишвар дар рӯзи Ошӯро баргузор кард.
Имрӯз, сешанбеи 19 шаҳривар, мутобиқ бо даҳумин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1441-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 10 сентябри 2019, рӯзи Ошӯрои ҳусайнӣ аст.
Рӯзи даҳуми муҳаррам солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон, ҳазрати имом Ҳусайн (а), имоми севуми шиаён аст, ки дар даҳуми муҳаррами соли 61-и ҳиҷрии қамарӣ дар Карбалои Ироқ дар синни 57 солагӣ шаҳид шуданд.