Поксозии шоҳроҳи Кундӯз - Тахор аз вуҷуди Толибони Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46663-Поксозии_шоҳроҳи_Кундӯз_Тахор_аз_вуҷуди_Толибони_Афғонистон
Вазорати дифои миллии Афғонистон аз поксозии шоҳроҳи Кундӯз - Тахор аз вуҷуди Толибон хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 12, 2019 11:57 Asia/Dushanbe
  • Поксозии шоҳроҳи Кундӯз - Тахор аз вуҷуди Толибони Афғонистон

Вазорати дифои миллии Афғонистон аз поксозии шоҳроҳи Кундӯз - Тахор аз вуҷуди Толибон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Вазорати дифои Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, шоҳроҳи Кундӯз - Тахор дар амалиёти муштараки нерӯҳои артиш ва амниятии кишвар аз вуҷуди Толибон поксозӣ ва ин шоҳроҳ ба рӯйи рафтуомади мардум боз шуд.

Дар баёнияи Вазорати дифои Афғонистон омадааст, дар ин амалиёт 10 узви Толибон, аз ҷумла яке аз саркардагони ин гурӯҳ кушта ва 5 тани дигар аз онон захмӣ шуданд.