Мувофиқати Трамп бо пешниҳоди “хати эътиборӣ”-и Макрон барои ҳифзи БарҶом
(last modified 2019-09-12T08:46:18+00:00 )
Сентябр 12, 2019 13:46 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Трамп бо пешниҳоди “хати эътиборӣ”-и Макрон барои ҳифзи БарҶом

Сенатори амрикоӣ: Трамп бо пешниҳоди “хати эътиборӣ”-и Макрон барои ҳифзи БарҶом мувофиқат кард.

Ба гузориши ИРНА, Крис Мурфи, сенатори демократи иёлати Коннектикут дар сафҳаи корбарии Твиттери худ навишт: “Трамп ба Эрон 15 миллиард доллар барои бозгашт ба тавофуқе медиҳад, ки ӯ худ онро рад ва пора кард”.

Дар моҳҳои ахир Эммануэл Макрон талошҳое барои коҳиши таниш дар равобити Эрон ва Амрико оғоз карда буд. Рафтуомадҳо ва гуфтугӯҳое низ байни мақомоти Эрон ва Фаронса анҷом шуд ва нуқтаи авҷи ин талошҳо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи кишварамон дар Беретзи Фаронса ва ройзанӣ бо Ле Дриан, вазири хориҷа ва низ Эммануэл Макрон, раисҷумҳури ин кишвар дар ҳошияи нишасти сарони Гурӯҳи -7 буд.

Раисҷумҳури Фаронса дар ҳафтаҳои ахир иқдомоти фишурдаеро дар ҷиҳати дастёбӣ ба тавофуқе бо Эрон анҷом дод. Иқдомоте, ки авҷи он даъват аз Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон барои ҳузур дар ҳошияи иҷлоси Гурӯҳи -7 дар Беретзи Фаронса буд. Зоҳиран қарор буд Порис як хати эътибории 15 миллиард долларӣ дар ихтиёри Теҳрон қарор диҳад, ки ба далели мухолифати Амрико ин тарҳ ноком монд.

 

 

 

 

 

Барчасп