Рябков: Амрико амнияти ҷаҳонро ба хатар андохтааст
Муовини вазири умури хориҷаи Русия ҳушдор дод, Амрико бо хурӯҷ аз тавофуқҳои роҳбурдӣ ва хаддорӣ аз тамдиди онҳо ҳамчуни Паймони старти ҷадид(New START), амнияти ҷаҳонро ба хатар андохтааст.
Ба навиштаи хабаргузории Спутник, Сергей Рябков имрӯз (панҷшанбе) тайи суханроне дар Маскав зимни ишора ба хурӯҷи Амрико аз Паймони нируҳои ҳастаии миёнбурд(INF) ва худдории ин кишвар аз тамдиди Паймони старти ҷадид, тасреҳ кард, бо таваҷҷуҳ ба рӯёрӯии манфии Вашингтон бавижа дар соли кунунии 2019, хатари вуқӯи ҷанги ҳастаӣ вуҷуд дорад.
Рябков афзуд, зоҳиран Вашингтон ба думболи фирор аз идомаи ҳамкорӣ бо Маскав дар заминаи Паймони старти ҷадид аст.
Муовини вазири умури хориҷаи Русия бо ишора ба аз байн рафтани Паймони нируҳои ҳастаии миёнбурд(INF) бо иқдоми Амрико ҳушдор дод, Паймони старти ҷадид эҳтимолан қурбонии баъдии иқдоми Амрико барои раҳосозии худ аз фазои контроли таслиҳотӣ аст.
Паймони коҳиши таслиҳоти стратегӣ ё «Старти ҷадид» дар сурати тамдид нашудан, дар соли 2021 ба поён мерасад.
Рябков ҳамчунин зимни ибрози нигаронӣ аз талоши Амрико барои заминасозии озмоиши ҳастаии ҷадид ҳушдор дод, Русия аз авзои Паймони Манъи Ҷомеи Озмоиши Ҳастаӣ (CTBT) низ нигарон аст.
Рябков гуфт, Амрико баъд аз тарҳи иттиҳомоти беасос алайҳи Русия дар бораи нақз ин паймон, ҳамакнун талош мекунад, то заминаи озмоишҳои худро қабл аз онки чунин озмоишҳоеро аз сар бигирад, фароҳам овард.
Ихтилофоти Маскав ва Вашингтон бар сар паймонҳои таслиҳотӣ, аз замони вуруди Доналд Трамп ба Кохи Сафед ва рӯйкарди ғайримасъулонаи вай дар қиболи паймонҳо ва тааҳҳудоти Амрико ташдид шудааст.