Ҳамсӯии Канада бо роҳзании модерни Амрико
(last modified Sat, 14 Sep 2019 06:42:46 GMT )
Сентябр 14, 2019 11:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳамсӯии Канада бо роҳзании модерни Амрико

Давлати Канада дар иқдоми хасмона ва ғайримаъмул, ҳукми фурӯши даҳҳо миллион доллар аз амволи мусодирашудаи Эронро содир кардааст, то пули ҳосил аз ин иқдоми ғайриқонуниро ба афроде таҳти унвони «қурбониёни терроризм» пардохт кунад.

Иддао шуда, ки ин иқдоми давлати Оттава ба баҳонаи пардохти ғаромат(товон) ба ончи «қурбониён терроризм»  номида шуда, сурат гирифтааст. Зоҳиран ин иқдомоти ғайримаъмули давлати Канада бар асоси қонуне сурат гирифта, ки дар соли 2012 тасвиб шуд ва бар асоси он шаҳрвандони ба истилоҳ қурбонии терроризм метавонанд бо тарҳи даъво ва шикоят аз Эрон дар Канада, амвол ва дороиҳои мутааллиқ ба давлати Эронро тавқиф ва бо фурӯши он ғаромат дарёфт кунанд.

Алии Бегдилӣ-устоди донишгоҳ ва коршиноси масоили байналмиллалӣ дар ин бора мегӯяд: "Давлати Амрико ин равандро аз соли 1996 ташдид кард; Яъне замоне, ки Конгресси Амрико бо тағйири қонуни дохилии дахнопазирии давлатҳо , ба шаҳрвандони Иёлоти муттаҳида, ки дар амалиёти террористӣ зарар дидаанд иҷоза дод дар додгоҳҳои Амрико алайҳи кишварҳое, ки дар рӯйхати "давлатҳои ҳомии терроризм" қарор доранд даъво ва иддаои товон кунанд.

 Дар 30 маи 2003 ба мӯҷиби яке аз ҳукмҳое, ки дар ин қолаб ва бидуни ҳеҷ асоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон содир шуд, додгоҳи Вашингтон ба баҳонаи беасоси шикояти хонаводаҳои 241 низомии кушташуда дар инфиҷори мақари туфангдорони амрикоӣ дар Бейрут дар соли 1983, баноҳақ неруҳои Ҷумҳурии исломии Эронро масъул шумурд.

 Ҳамин равияи ба истилоҳ қазоӣ дар Канада низ пиёда шудааст .Чанд сол қабл ҳам додгоҳе дар Канада ҳукм ба мусодираи 13 миллион доллар аз дороиҳои мутааллиқ ба Эрон дар Канада дод, то ба унвони ғаромат ба хонаводаҳои Амрико, ки солҳои 1983 то 2002 кушта шудаанд пардохт шавад.

 Аз ҷумлаи амволи мутааллиқ ба Эрон, ки дар иқдоми ахири Канада ба баҳонаи беасосе ҳукми фурӯши онҳо содир шуда , бинои маркази фарҳангии Эрон дар наздикии донишгоҳи Оттава ба арзиши 26.5 миллион доллар аст .Ҳукми ҳаммонанде низ дар хусуси бинои маркази мутолиоти Эрон дар Торонто ба арзиши 1.85 миллион доллар содир шудааст. Ҳамчунин эълом шуда, ки маблағи 2.6 миллион доллар низ аз ҳисобҳои банкии Эрон дар Канада ба сурати ғайриқонунӣ бардошт шудааст.

 Иқдомоти пешини Амрико ва дар идомаи он ,иқдоми ахири Канада дар воқеъ дуздии занҷираӣ ба шакли модерн ё замонавӣ аз амволи миллати Эрон аст. Воқеият ин аст, ки душмании Амрико фақат дар мавзӯъи ҳастаӣ ва БарҶом хулоса наме‎шавад. Иттиҳомсозии Амрико алайҳи Эрон дар хусуси ҳимоят аз терроризм низ дурӯғи ошкор аст, ки аз сӯи давлатмардони Амрико ба абзоре барои дастёбӣ ба аҳдофи сиёсии Амрико табдил шудааст.Дастбурд ба амвол ва дороиҳои Эрон бахше аз ин ҷараён ва дар айни ҳол тахаллуфи ошкор аз усули ҳуқуқи байналмиллал ва намунаи комили як роҳзании байналмиллалӣ аст, ки ҳамчунон бо ҳамдастии Канада идома дорад. Табиӣ аст Эрон дар ин иқдом давлати Канадаро масъули ҳифзи амволи худ медонад.

Сайидаббоси Мусавӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани иҷрои ҳукми додгоҳи канадаӣ дар фурӯши биноҳои фарҳангии Эрон дар Канада, ин иқдомро ғайрқонунӣ ва дар тақобули ошкор бо ҳуқуқи байналмиллалӣ донист ва баргардонидани  фаврии ин мулкҳо ва дороиҳоро хостор шуд.

 Мусавӣ ҳушдор дод; Дар сурати бекор нашудани ин тасмими ғайриқонунӣ ва ҷуброни хисороти ворида, Ҷумҳурии исломии Эрон мутобиқ бо меъёрҳои байналмиллалӣ ба таъмини ҳуқуқи худ иқдом мекунад ва дар ин сурат масъулияти тамоми паёмадҳои он бар ӯҳдаи давлати Канада хоҳад буд.