Покистон кордори Ҳиндустонро бозхост кард
Вазорати хориҷаи Покистон шанбешаб, кордори сафорати Ҳиндустон дар Исломободро дар эътироз ба тирандозии низомёни ҳиндӣ ба сӯи ғайринизомён дар хатти контроли Кашмир бозхост кард.
Ба гузориши ИРНА, мақомоти вазорати хориҷаи Покистон дар ин иқдом зимни супурдани эътирози хаттии давлати Покистон ба кордори Ҳиндустон, аз ин кишвар хостанд, то ба поймолсозии пайдарпаи паймони оташбаси марзӣ поён диҳад.
Дар тирандозии рӯзи шанбеи низомёни ҳиндӣ дар хатти контроли Кашмир, ду шаҳрванди покистонӣ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд.
Ҳиндустон ва Покистон ҳамвора якдигарро ба поймолсозии оташбас дар хатти контроли Кашмир муттаҳам мекунанд. Ҳиндустон ва Покистон дар соли 2003 тавофуқи оташбасро дар марзҳои Кашмир имзо карданд, вале тарафҳо то кунун чанд бор онро вайрон кардаанд.
Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳиндустон ва бахши дигар дар хоки Покистон қарор дорад, аммо ҳар ду кишвар иддаои моликият бар тамоми Кашмирро доранд ва ҳамин мавзӯъ яке аз сабабҳои аслии муноқишаи дерина миёни Деҳлии нав ва Исломобод аст.
Муноқишаи Ҳиндустон ва Покистон бар сари Кашмир дар ҳоле аст, ки қатъномаи Шӯрои амнияти Созмон Миллали Муттаҳид бар баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъияти ин минтақа таъкид дорад.