Барафрошта шудани парчами Ошӯро дар сад кишвар
(last modified 2019-09-16T09:37:07+00:00 )
Сентябр 16, 2019 14:37 Asia/Dushanbe
  • Барафрошта шудани парчами Ошӯро дар сад кишвар

Мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон гуфт, дар даҳаи аввали моҳи муҳаррами имсол (аз якум то даҳуми сентябр) дар сад кишвар парчами Ошӯро барафрошта шуд, ки нишонаи густариши фарҳанги ҳусайнӣ аст.

Оятуллоҳ Алиризо Аърофӣ, мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон якшанбешаб дар Табрез (шимоли ғарби Эрон) изҳор дошт, ошиқони аҳли байти исмат ва таҳорат алайҳимуссалом дар замони ҳозир ба як пояи бисёр муҳими қудрат дар ҷаҳони Ислом табдил шудаанд.

Имом Ҳусайн (а), набераи гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) ва фарзанди ҳазрати Алӣ (а) ва Фотима (с), ки дар даҳуми муҳаррами соли 61 –и ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расид, бо фидокории беназири хеш дар овардгоҳи Карбало, дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омӯхт.

Имом Ҳусайн (а) дар воқеаи Карбало ба сароҳат таъкид карданд: “Мақсуди ман расво кардани ҳукумати зиддиисломӣ ва барпо доштани амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва истодагӣ дар баробари зулму ситамгарӣ аст”.