Мизони 45 дарсадии мушорикат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тунис
Комиссияи интихоботи Тунис мизони мушорикат дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро, 45 дарсад эълом кард.
Комиссияи интихоботи Тунис дар поёни интихоботи ин кишвар ва эъломи омори аввалия эълом кард, ки мизони мушорикат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар, 45 дарсад будааст.
Ба гузориши Форс ,бар асоси эъломи ин комиссия, мизони мушорикати тунсиҳои хориҷнишин низ 19.7 дарсад будааст.
Бар асоси шумориши орои аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тунис мушаххас шуд, ки Қайс Саид ва Набил ал Қаравӣ ба даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Тунис хоҳанд рафт.
Агарчӣ натиҷаи интихобот ҳанӯз расман эълом нашудааст, аммо ҳаракати Ал Наҳзаи ин кишвар эълом кардааст, ки натоиҷи интихоботро намепазирад.
Ҳизби исломгарои Ал Наҳза бо Абдулфаттоҳ Мӯру дар ин интихобот ҳузур дорад.
Бар асоси гузориши шабакаи Ал Арбия, Мӯру эҳтимолан ҷойгоҳи сеюм ва Абдулкарим Ал Зубайдӣ, вазири дифои собиқи ин кишвар ҷойгоҳи чаҳорумро ба худ ихтисос хоҳанд дод.
Интихоботи раёсатҷумҳурии зудҳангоми Тунис аз субҳи якшанбе дар ин кишвар оғоз шуда буд.
Ин дуввумин интихоботи раёсатҷумҳурии Тунис пас аз инқилоби соли 2011 аст, ки ба сарнагунии режими Ибни Алӣ ва мутаворӣ шудани вай ба Арабистони Саудӣ мунҷар шуд.